Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Соли 2019 ба ҳукми таърих ворид шуда, ҳукмрониро ба Cоли нав - соле, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз он файзу баракат, шодию нишот ва комёбию дастовардҳои бузургро интизоранд, во мегузорад.
Соли 2019 барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати омӯзгорону профессорон ва донишҷӯёни ДДТТ аз бисёр ҷиҳат соли бобарор ва пур аз комёбиҳо буд.
Натиҷагирӣ ва таҳлилҳо нишон доданд, ки заҳматҳои аҳли илм ва дигар кормандони донишгоҳ баҳри ободонӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир самараи хуб доданд. Аз ин рӯ, Шуморо бо анҷоми бобарори соли 2019 ва оғози Соли нави 2020 самимона шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор, ривоҷи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳсили хубу аъло таманно дорам.
Соли 2019 воқеан ҳам соли таърихӣ, соли рӯйдодҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ буд. Ба истифода додани якчанд иншоотҳои муҳими аҳамияти ҷумҳуридошта, аз ҷумла ба кор даровардани агрегати дуюми НБО-и «Роғун», мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои бузурги саноатӣ, роҳу пулҳо ва даҳҳо биноҳои хуштарҳу замонавии маданию маъмурӣ ва истиқоматӣ, ки ба ҳамин сол рост омаданд, ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуданд. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сол ин Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки 26-уми декабр ироа гардид. Паёми Пешвои муаззами миллат, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварро дарбар мегирад, ҳамчун роҳнамо дар рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва баланд гардидани обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нақши арзанда гузошт.
Муваффақиятҳои бадастовардаи ҳайати омӯзгорону профессорон, кормандон ва донишҷӯёни мо низ дар соли 2019 кам набуданд. Донишгоҳ дар соҳаи илм ва таълиму тарбия ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Донишгоҳ дар байни беш аз 30 макотиби олии кишвар мавқеашро дар зинаи 5-ум нигоҳ дошт. Охири сол бошад, аз ҷониби намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (АМАР) 4 барномаи таҳсилотӣ: иқтисоди ҷаҳон – 25010300, молия ва қарз – 25010400, ҳуқуқи иқтисодӣ – 24010300, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона – 25010700 ва 2 барномаи магистрӣ аз аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ гузаронида шуда, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардиданд, ки ин муваффақияти беҳтарини сол маҳсуб меёбад. Инчунин, дар ин сол ҳамкориҳои донишгоҳ бо дигар мактабҳои олии кишварҳои хориҷи дуру наздик вусъат ёфтанд.
Ҳамкорону донишҷӯёни азиз! Аз комёбиҳое, ки мову шумо дар соли 2019 ба даст овардем, набояд хотирҷамъ шуд. Баръакс мову шуморо лозим аст, ки баҳри татбиқи сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Президенти кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд заҳмат кашида, кӯшишу ғайрати бештар ба харҷ диҳем.
Боварӣ дорам, дар соли 2020 низ мову шумо дар якҷоягӣ баҳри иҷрои нақшаҳои базиммадоштаамон кӯшиш ба харҷ дода, комёбиҳоямонро боз ҳам бештар мегардонем.
Соли наватон муборак бошад!