Объявления сайта

Низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ

 
Picture of Администратор портала ОДО Мудирияти портали ШТФ.
Низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ
 

14-уми ноябри соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ семинар – тренинг дар мавзӯи “Низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ” бо иштироки муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва таъмини таҳсилот, д.и.и., дотсент Фарҳод Шаропов, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гузаронида шуд.

Семинарро М.Ҳамитов бо сарсухан оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас, Н.Дилоев декани факултети таҳсилоти фосилавӣ дар мавзӯи “Афзалият ва мушкилоти  низоми таҳсилоти фосилавӣ” ва Ф. Сангинов дар мавзӯи “Низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ (барномаи идоракунии раванди таълим – Moodule)” маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа